Шаҳрванди Тоҷикистон Рамз Ҷӯраев рӯзи 15-уми октябр аз ҷониби кормандони Интерпол (Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ)-и ВКД Русия дар Тотористон боздошт шуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ВКД Тотористон, дархост оид ба ҳабс ва истирдоди Рамз Ҷӯраеви 34-сола тариқи воситаҳои иртиботи Интерпол аввали моҳи октябр ирсол шудааст.
Ба иттилои манбаъ, Р.Ҷӯраев бо ташаббуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар ҷинояти содиршуда тибқи моддаи 247, қ. 4-и КҶ ҶТ (Қаллобии содиршуда дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифта буд.
Зимни чорабиниҳои фавриву ҷустуҷӯи муайян карда шудааст, ки Р.Ҷӯраев дар Душанбе ба хариду фурӯши автомашинаҳои тамғаи люкс машғул буда, дар 28 ҳолати амали ҷинояткорона гумонбар дониста мешавад. Тибқи маълумоти пешакӣ, зиёни расида аз ин амалҳои ӯ беш аз 11 млн. рублро ташкил медиҳад.
Ӯ Тоҷикистонро тарк гуфта, дар шаҳри Қазон ғайриқонунӣ иқомат ва ба мусофиркашонӣ машғул будааст. Айни замон бо қарори суди ноҳияи Советскийи Қазон, Рамз Ҷӯраев таҳти ҳабси пешазистирдодӣ қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, чанде қабл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар як мусоҳибааш изҳор намуд, ки ҳудуди 2,5 ҳазор нафар шаҳрвандон мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шуда, ҳамасола аз 50 то 100 нафар боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод мешаванд.



