Нокомии 5 дзюдочии тоҷик дар мусобиқаи Гран-прии Тошканд

Аз 10 нафар варзишгарон, ки дар мусобиқа оид ба дзюдо аз силсилаи Гран-при дар шаҳри Тошканд дастаи Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд, рӯзҳои 16-17-уми октябр 5 нафар ба нокомӣ дучор гардида, бидуни медал ба ватан бармегарданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и ҶТ, дар даври аввал қувваозмоиҳоро Беҳрӯзи Хоҷазода (66 кг) ба Улуғбек Норқобилов […]

ASIA-Plus



Аз 10 нафар варзишгарон, ки дар мусобиқа оид ба дзюдо аз силсилаи Гран-при дар шаҳри Тошканд дастаи Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд, рӯзҳои 16-17-уми октябр 5 нафар ба нокомӣ дучор гардида, бидуни медал ба ватан бармегарданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и ҶТ, дар даври аввал қувваозмоиҳоро Беҳрӯзи Хоҷазода (66 кг) ба Улуғбек Норқобилов (Ӯзбекистон), Расул Абдушарифов (66 кг) ба Анзаур Арданов (Русия), Саидмухтор Расулов  (73кг) ба  Ҳасан Ванлиоғлу (Туркия), Саидҷамол Алимардонов (81 кг) ба Муҳаммад Абделаал (Миср) бохта, Комрон Карликов (81 кг) дар даври аввал бар Элдар Зарифхонов (Қазоқистон) дастболо шуд, вале дар даври дигар аз Карлос Лузу (Португалия) ба шикст мувоҷеҳ гардид.

Гуфта мешавад, боқимонда 5 нафар аъзои ҳайати дастаи Тоҷикистон – Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Саидҷалол Саидов (90 кг), Неъматулло Асронқулов (100 кг), Дадахон Қурбоналиев (100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) имрӯз, 18-уми октябр ба рақобат мепардозанд.

Ёдрас мекунем, ки  16 октябр дар маҷмааи варзишии «Ӯзбекистон» дар шаҳри Тошканд

мусобиқа оид ба дзюдо аз силсилаи Гран-при

оғоз гардид, ки имрӯз ба анҷом мерасад. Мусобиқоти силсилаи Гран-при оид ба дзюдо ҳамасола дар 10 кишвари саросари дунё гузаронида мешаванд. Тошканд ҳуқуқи баргузории онро ба муддати 4 сол, яъне то соли 2016 касб намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.