Қатъи навбатии дастрасӣ ба торнамои «Азия-Плюс»

Торнамои гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» – www.news.tj – боз дастнорас аст. Қариби тамоми ширкатҳои фароҳамсоз (провайдерон) рӯзи 21-уми октябр дастрасӣ ба сомонаро қатъ намуданд. Тайи моҳи ахир ин кӯшиши дуюми маҳдуд сохтани дастрасии аҳолӣ ба сомонаи мустақили интернетӣ аст. Қаблан дастрасӣ ба сомона 10-уми октябр қатъ гардида, вале рӯзи дигар дубора барқарор шуд. Шарҳи расмӣ гирифтан […]

ASIA-Plus



Торнамои гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» –


www.news.tj




– боз дастнорас аст. Қариби тамоми ширкатҳои фароҳамсоз (провайдерон) рӯзи 21-уми октябр дастрасӣ ба сомонаро қатъ намуданд. Тайи моҳи ахир ин кӯшиши дуюми маҳдуд сохтани дастрасии аҳолӣ ба сомонаи мустақили интернетӣ аст.

Қаблан дастрасӣ ба сомона

10-уми октябр

қатъ гардида, вале рӯзи дигар дубора барқарор шуд. Шарҳи расмӣ гирифтан аз танзимкунандаи иртибот ғайриимкон аст. Намояндагони Хадамоти алоқа чун мефаҳманд, ки ба онҳо аз «Азия-Плюс» муроҷиат доранд, дарҳол гӯшии телефонро мегузоранд.

Намояндагони расмии ширкатҳои фароҳамсози интернет низ аз шарҳи амали худ худдорӣ меварзанд. Аз сарчашмаҳои ғайрирасмӣ хабар доданд, ки дастрасӣ ба торнамо дар қаламрави Тоҷикистон бо талаби Хадамоти алоқа, ки санаи 1-уми октябр расидааст, қатъ шудааст.

«Ахиран чунин таҷриба дар Тоҷикистон як падидаи маъмулӣ шудааст, вале агар қаблан дар суҳбатҳои ғайрасмӣ бо раҳбарияти Хадамоти алоқа ба гунае ин амалро шарҳ медоданд, айни замон натанҳо аз шарҳ худдорӣ меварзанд, моро ҳатто шунидан намехоҳанд», – қайд мекунад дар ин робита директори иҷроияи агентии «Азия-Плюс» Зебо Тоҷибоева.

Ба гуфтаи ӯ, муносибати ширкатҳои хизматгузори интернет низ боиси тааҷҷуб аст. «Қаблан ҳадди ақал моро онҳо ба таври шифоҳӣ аз қатъи дастрасӣ ба торнамо огоҳ мекарданд. Феълан ин амал хомӯшона, бидуни огоҳӣ ва гузашта аз ин, бидуни ҳеҷ узре сурат мегирад. Дар ин ҳолат ба мо натанҳо зиёни маънавӣ, балки зиёни моддӣ низ расонида мешавад, зеро мо назди рекламадиҳандагон уҳдадорӣ дорем», – мегӯяд Зебо Тоҷибоева.

Феълан дар Тоҷикистон дастрасӣ ба беш аз 1 ҳазор сомонаҳои гуногун ғайриимкон аст. Шумораи сайтҳои басташуда барои корбарони тоҷик баъди паҳн шудани даъватҳо ба гирдиҳамойӣ дар аввали моҳи октябр зиёд шуд. Сарфи назар аз ин, он замон Хадамоти алоқа даст доштанаш дар ин амалро рад карда, вале ширкатҳои фароҳамсози интернет итминон дода буданд, ки тибқи дастури ин хадамот амал кардаанд.

Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи

радиои «Озодӣ»

, чанде қабл 12 созмони ҷамъиятӣ ва ҳомии ҳуқуқи Осиёи Марказӣ дар як изҳороти муштарак масдуд кардани сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистонро маҳкум карда, аз мақомоти ин кишвар хостанд, то ба даъватҳои ниҳодҳои байналмилии ҳуқуқи башар гӯш дода, дастрасии бидуни маҳдудияти мардумаш ба Интернетро таъмин кунад.

Дар робита ба ин амалҳо ҳамчнуин намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Дуня Миятович ҳукуматдорони Тоҷикистонро ба 

таъмини бемамониати дастрасӣ ба шабакаи Интернет

 даъват кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.