Сарфи назар ҳавои номусоид, фурудгоҳи Душанбе бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад

– Сарфи назар аз обуҳавои номусоиди имрӯза, Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, парвози ҳавопаймоҳо мавқуф гузошта нашудааст, – итминон дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев. Номбурда изҳор кард, ки алҳол фазои аёнӣ (дидашаванда) дар фурудгоҳ хуб буда, парвоз ва фурудоии ҳавопаймоҳо тариқи ҳамаи хатсайрҳо саривақт сурат мегирад. Дар ҳамин […]

Меҳрангез Турсунзода



– Сарфи назар аз обуҳавои номусоиди имрӯза, Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, парвози ҳавопаймоҳо мавқуф гузошта нашудааст, – итминон дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев.

Номбурда изҳор кард, ки алҳол фазои аёнӣ (дидашаванда) дар фурудгоҳ хуб буда, парвоз ва фурудоии ҳавопаймоҳо тариқи ҳамаи хатсайрҳо саривақт сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи нишондоди онлайн-таблои хатсайрҳои ҳавоӣ, аллакай парвози ҳавопаймоҳо ба Кобул, Бишкек ва Челябинск ба таъхир гузошта шудаанд. М.Шодиев дар ин робита зикр кард, ки ба парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайрҳо обуҳавои номусоид дар ин шаҳрҳо (нуқтаи таъинот) монеъа эҷод кардааст.

Бино ба маълумоти Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз ба кишвари мо маҷрои ҳавои сард ворид шуда, ҳарорати ҳаво рӯзона то 7-9 дараҷа поин меравад. Дар пойтахти ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво 17 дараҷа гарм буда, боридани борон дар назар аст.

Обуҳавошиносон қайд мекунанд, ки дар ин рӯз обуҳаво абрноки ноустувор боқӣ монда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар манотиқиӣ доманакӯҳ борони шадид бо шамоли сахт дар назар буда, дар баъзе мавзеъҳо барф ҳам меборад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.