Дар парлумони нав ҲНИТ фраксияи худро таъсис доданист

Дар интихоботи парлумонии ахири моҳи феврали соли оянда Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 40 нафар намояндагони худро ба номзадӣ пешбарӣ карданист. Роҳбари ситоди пешазинтихобтии ҲНИТ, муовини раиси Ҳизб Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки номи 20 нафар номзадҳо аз ҲНИТ, ки ба рӯйхати ҳизбӣ ҷиҳати иштирок дар интихобот ба парлумон аз ҳавзаи […]

Аваз Юлдошев



Дар интихоботи парлумонии ахири моҳи феврали соли оянда Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 40 нафар намояндагони худро ба номзадӣ пешбарӣ карданист.

Роҳбари ситоди пешазинтихобтии ҲНИТ, муовини раиси Ҳизб Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки номи 20 нафар номзадҳо аз ҲНИТ, ки ба рӯйхати ҳизбӣ ҷиҳати иштирок дар интихобот ба парлумон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ шомил мегарданд, дар анҷумани пеш аз интихоботи ҳизб санаи 16-уми декабр дар Душанбе эълон карда мешаванд.

«Боз 20 нафар номзадҳо аз ҳизби мо дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ барои курсиҳо дар парлумон рақобат хоҳанд кард», – қайд кард Ҳайит.

Дар идома ӯ таъкид намуд, ки пешбарӣ нашудани номзадҳо дар тамоми ҳавзаҳои интихоботии якмандтӣ ва истифода накардани рӯйхати пурраи ҳизбӣ дар интихобот аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ маънои онро надорад, ки ҲНИТ мушкилоти молӣ дорад.

«Агар мушкилоти молӣ рӯйи кор ояд, мо ба бародарону хоҳарони худ аз ҳизб муроҷиат мекунем ва ман бовар дорам, ки маблағи заруриро зуд ҷамъоварӣ карда, дар шароити имрӯзаи пешбарии номзадҳо ба вакилӣ мо воқеъияти имрӯзаи Тоҷикистонро ба инобат мегирем», – иброз дошт муовини раиси ҳизб.

ҲНИТ дар парлумони нав фраксияи худро таъсис доданист, ки барои ин ҳадди ақал ба даст овардани 5 курсии вакилӣ зарур аст. Дар парлумони кунунӣ ҲНИТ ҳамагӣ соҳиби ду курсӣ аст, ки онро раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ва муовини аввали ӯ Саидумар Ҳусайнӣ намояндагӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки 41 нафарашон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ва 22 нафар вакил тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб мешаванд.

То имрӯз 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон санаи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худро муайян карданд. Анҷуманҳои пеш аз интихоботро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 13-уми декабр, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – 27-уми декабр, Ҳизби сотсиалист ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон – 17-уми декабр, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 16-уми декабр, Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 18-уми декабр, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 13-уми декабр ва Ҳизби демократии Тоҷикистон – 20-уми декабр баргузор мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.