Эмомалӣ Раҳмон ба Остона сафар кард

Душанбе. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷашнҳо бахшида ба 10-умин солгарди пойтахти нави Қазоқистон ба Остона сафар кард. Ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд, ки ба ин муносибат президентони Озарбойҷон Илҳом Алиев, Арманистон Серж Саркисян, Гурҷистон Михаил Саакашвили, Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, Русия […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷашнҳо бахшида ба


10-умин солгарди пойтахти нави Қазоқистон ба Остона сафар кард.






Ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд, ки ба ин муносибат президентони Озарбойҷон Илҳом Алиев, Арманистон Серж Саркисян, Гурҷистон Михаил Саакашвили, Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, Русия Дмитрий Медведев, Туркия Абдулло Гул ва шоҳи Ӯрдун Абдуллои


II




низ ба пойтахти Қазоқистон ташриф меоранд.





Аз сарчашма иттилоъ доданд, ки дар чаҳорчӯбаи сафар Эмомалӣ Раҳмон як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.







«Фардо, 6-уми июл президенти Тоҷикистон ҳамтои қазоқи худ Нурсултон Назарбоевро бо зодрӯзаш табрик хоҳад кард», – таъкид сохт сарчашма.





Чанде қабл барои омода сохтани ҷузъиёти сафари кории президенти ҶТ ба Қазоқистон вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ низ ба Қазоқистон рафт. Аз департаменти иттилооти вазорат хбар доданд, ки дар ҷараёни сафар Ҳ.Зарифӣ бо саравзири Қазоқистон Карим Масимов, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Марат Тажин, вазири энергетика ва саноати Қазоқистон Владимир Школник вохӯрӣ доир кардааст. Дар вохӯриҳо асосан масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ, иштирок дар лоиҳаҳои муштарак, афзун намудани муомилоти ашёи хом ва дигар маҳсулот миёни корхонаҳои ду кишвар муҳокима шудаанд.







Маълумотнома:




Остонаи имрӯза чун шаҳраки низомиён соли 1824 таъсис ёфтааст. Соли 1868 Остона мақоми шаҳрро соҳиб гашт ва танҳо дар солҳои 50-уми асри гузашта он ба маркази муҳими рушди захоири табии ҳифзшудаи минтақаи шимолии Қазоқистон табдил ёфт. Шаҳр чандин маротиба тағйири ном кардааст: дар солҳои шӯравӣ Селиноград, соли 1997 – Акмола ва соли 1998 – Остона.





Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.

Дар Осиёи Марказӣ дар куҷо гӯшт аз ҳама гаронтару дар куҷо арзонтар аст?

Дар Тоҷикистон нархи 1 кг гӯшт ба ҳисоби миёна 10-11 долларро ташкил медиҳад.

Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод

Гумонбарон кирокашро гаравгон гирифта, барои раҳоияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Дастрасӣ ба иттилоъ ва амнияти рӯзноманигорон. Дар конфронси Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе чиҳо баррасӣ мешаванд?

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.