Бақияи умумии қарз дар бонкҳо қариб 30%афзуд

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба аввали моҳи равон ҳаҷми бақияи умумии қарзҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон қариб 30% афзуд. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ин нишондиҳанда дар моҳи сентябри соли равон 9,1 млрд. сомонӣ (беш аз 1,8 млрд. $)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,9 фоиз […]

ASIA-Plus



Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба аввали моҳи равон ҳаҷми бақияи умумии қарзҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон қариб 30% афзуд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ин нишондиҳанда дар моҳи сентябри соли равон 9,1 млрд. сомонӣ (беш аз 1,8 млрд. $)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,9 фоиз зиёд буда, илова бар ин, дар ин давра низ раванди афзоиши пешниҳоди қарзҳои дарозмуҳлат идома ёфта, 3,9 млрд. сомониро ташкил кардааст.

Гуфта мешавад,  айни замон афзоиши мунтазами бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ таъмин гашта истодааст.

Тибқи маълумоти БМТ, фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар дар нуҳ моҳи соли равон бо пули миллӣ 24,72 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,30 фоизи солонаро ташкил намуданд.

«Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар моҳҳои январ-сентябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,0 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, 839,3 млн. сомонӣ қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон дода шудааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25,7 фоиз зиёд аст», – омадааст дар маълумоти БМТ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.