Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон боз бо як минтақаи Чин

Чанде қабл раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо ҳайати минтақаи Шэнсии Чин таҳти роҳбарии котиби генералии ҳукумати Шэнси Чжан Сяонин мулоқот орост. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни суҳбат масоили рушд ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуда, раиси ПСС ҶТ изҳор намуд, ки Чин яке аз шарикони муҳими […]

ASIA-Plus



Чанде қабл раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо ҳайати минтақаи Шэнсии Чин таҳти роҳбарии котиби генералии ҳукумати Шэнси Чжан Сяонин мулоқот орост.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни суҳбат масоили рушд ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуда, раиси ПСС ҶТ изҳор намуд, ки Чин яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон ба шумор рафта, соли 2013 ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо ба 2 млрд. доллари ИМА расид ва ҳамчунин миёни давлатҳо комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ пурсамар амал мекунад.

«Дар доираи рушди ҷанбаи иқтисодии эҳёи Роҳи Абрешим Тоҷикистону Чин бояд ҳамкориҳо бо таваҷҷуҳ ба рушди шарики минтақавӣ, аз ҷумла миёни Шэнси ва минатқаҳои Тоҷикистонро фаъол созанд», – иброз дошт ӯ.

Шариф Саид ҳамчнунин пешниҳод кард, ки масъалаи дар соли 2015 дар Душанбе барпо намудани намоишгоҳ-ярмаркаи минтақаи Шэнси ва ҳамоиши тоҷирону соҳибкорони ҳарду ҷониб баррасӣ карда шавад.

Дар навбати худ, Чжан Сяонин ин пешниҳодро пазируфта, ҷониби Тоҷикистонро ба иштирок дар Ярмаркаи тиҷоративу сармоягузории 19-уми ЭКСПО Роҳи Бузурги Абрешим дар Сиан ва ташкили Гӯшаи маҳсулоти Тоҷикистон дар он, ки соли оянда аз 22 то 25-уми май доир мегардад, даъват кард. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.