Пешниҳоди вакил аз ҲНИТ бобати ба худмаблағгузорӣ гузаштани Вазорати тандурустӣ



Муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидумар Ҳусайнӣ ба ҳукумат пешниҳод мекунад, ки барои пешгирии хароҷоти зиёдатии буҷети давлатӣ, Вазорати тандурустии кишварро ба худмаблағгузорӣ гузаронад.

«Конститутсияи Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар кумаки ройгони тиббиро кафолат медиҳад, вале ба ҳамагон маълум аст, ки дар кишвар аллакай кайҳост, ки тибби ройгон вуҷуд надорад, ҳатто барои вуруд ба ҳама гуна муассисаи тиббӣ маблағе пардохт кардан зарур аст», – гуфт Ҳусайнӣ дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс».

Ба гуфтаи ӯ, пас аз бахши маориф ҳукуматдорон ҳамасола ба соҳаи тандурустӣ воситаҳои зиёди буҷетиро ҷудо мекунанд ва ба ҳеҷ касе маълум нест, ки маблағҳои аз ҷониби беморон пардохтшуда ба бемористонҳо, табибон, ҳайати тиббии муассиса, барои кат дар беморхона, хизматгузории санитарҳо, барои ташхис ва муолиҷа куҷо мераванд. «Ман бовар дорам, ки ин соҳа ба таъмини фаъолияти худаш имкон дорад», – мутмаин аст муовини раиси ҲНИТ.

spot_imgspot_img

Популярное