Нисбати 27 нафар занони маҳкумшуда дар Тоҷикистон афв татбиқ намешавад

Date:



Нисбати 27 нафар занони маҳкумшуда дар Тоҷикистон қонуни афв мавриди амал қарор намегирад.

Аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар маҷмӯъ аз муассисаҳои ислохии кишвар 3,5 ҳазор маҳкумшудагон ба озодӣ мебароянд.

Қонуни афв ҳамчунин нисбати 4,5 ҳазор нафар, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ (муассисаи ислоҳии сукунат ва ғайра) адои ҷазо мекунанд, низ мавриди амал қарор гирифта, муҳлати ҷазои 2 ҳазор нафар маҳкумшудагон кам карда мешавад.

Аз муассисаи ислоҳӣ барои занон 287 нафар озод шуда, нисбати 27 нафар занони маҳкумшуда қонуни афв татбиқ намешавад, зеро онҳо аллакай ду маротиба мавриди афв қарор гирифтаанд.

Аз муассисаи ислоҳӣ барои кӯдакон 58 нафар кӯдакон озод ва нисбати се нафар ноболиғ қонуни афв мавриди амал қарор намегирад.

Ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд, озод карда мешаванд. Миёни онҳо 155 нафар шаҳрвандони Афғонистон, 80 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон, 39 нафар шаҳрвандони Русия, 32 нафар шаҳрвандони Қирғизистон ва ҳамчунин шаҳрвандони кишварҳои Нигерия, Туркия, Ироқ, Эрон ва ғайра ҳузур доранд.

Ҳамчунин 63 нафари маҳкумшуда, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ кардаанд ё ғайриқонунӣ хизмати ҳарбиро тарк карданд, низ озод мешаванд.

Ғайр аз ин, 112 нафар маҳкумшудагоне, ки ба бемориҳои саратон, сили узвҳои нафас ва шуш, бемории дил гирифторанд, низ ба озодӣ мебароянд.

Бино ба маълумоти Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон 17 адад муассисаи ислоҳӣ фаъолият дошта, дар онҳо ҳудуди 13 ҳазор нафар шаҳрвандон адои ҷазо мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи афв» қабул шуд, ки нисбати 10 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон мавриди амал қарор дода мешавад.

Афви охирини 13-ум дар Тоҷикистон соли 2011 ба муносибати 20-солагии истиқлолияти кишвар эълон шуда, тибқи он беш аз 4 ҳазору 300 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуданд, ки миёни онҳо 196 нафарашонро занон ва 153 нафарашонро ноболиғон ташкил доданд. Боз муҳлати ҷазои ҳудуди 5 ҳазор нафар маҳкумшудагон кам карда шуд. Он замон афв ба зиёда аз 5 ҳазор нафар афроди мавриди тафтиш ё дар мурофиаи судӣ қарордоштаву ҳанӯз маҳкумнашуда низ дахл кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...