Имрӯз, 3-юми ноябр нахустин маҳкумшудагони афшуда ба озодӣ баромаданд. Миёни онҳо занони маҳбус аз муассисаи ислоҳии Норак ҳузур доранд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ хабар доданд, қабл аз озод шудан онҳоро сардори Сарраёсати Иззатулло Шарипов табрик гуфта, ба ҳаёти осоишта ҳидоят намудааст.
Зимнан зикр гардид, ки имрӯз ҳамчунин маҳбусони афвшудаи муассисаи ислоҳии №10 ва муассисаи ислоҳӣ барои кӯдакон низ озод карда мешаванд.
Дар маҷмӯъ аз муассисаҳои ислохии кишвар 3,5 ҳазор маҳкумшудагон ба озодӣ мебароянд. Қонуни афв ҳамчунин нисбати 4,5 ҳазор нафар, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ (муассисаи ислоҳии сукунат ва ғайра) адои ҷазо мекунанд, низ мавриди амал қарор гирифта, муҳлати ҷазои 2 ҳазор нафар маҳкумшудагон кам карда мешавад.
Аз муассисаи ислоҳӣ барои занон 287 нафар озод шуда, нисбати 27 нафар занони маҳкумшуда қонуни афв татбиқ намешавад, зеро онҳо аллакай ду маротиба мавриди афв қарор гирифтаанд. Аз муассисаи ислоҳӣ барои кӯдакон 58 нафар кӯдакон озод ва нисбати се нафар ноболиғ қонуни афв мавриди амал қарор намегирад.
Ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд, озод карда мешаванд. Миёни онҳо 155 нафар шаҳрвандони Афғонистон, 80 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон, 39 нафар шаҳрвандони Русия, 32 нафар шаҳрвандони Қирғизистон ва ҳамчунин шаҳрвандони кишварҳои Нигерия, Туркия, Ироқ, Эрон ва ғайра ҳузур доранд.
Ҳамчунин 63 нафари маҳкумшуда, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ кардаанд ё ғайриқонунӣ хизмати ҳарбиро тарк карданд, низ озод мешаванд. Ғайр аз ин, 112 нафар маҳкумшудагоне, ки ба бемориҳои саратон, сили узвҳои нафас ва шуш, бемории дил гирифторанд, низ ба озодӣ мебароянд.
Бино ба маълумоти Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон 17 адад муассисаи ислоҳӣ фаъолият дошта, дар онҳо ҳудуди 13 ҳазор нафар шаҳрвандон адои ҷазо мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи афв» қабул шуд, ки нисбати 10 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон мавриди амал қарор дода мешавад.
Афви охирини 13-ум дар Тоҷикистон соли 2011 ба муносибати 20-солагии истиқлолияти кишвар эълон шуда, тибқи он беш аз 4 ҳазору 300 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуданд, ки миёни онҳо 196 нафарашонро занон ва 153 нафарашонро ноболиғон ташкил доданд. Боз муҳлати ҷазои ҳудуди 5 ҳазор нафар маҳкумшудагон кам карда шуд. Он замон афв ба зиёда аз 5 ҳазор нафар афроди мавриди тафтиш ё дар мурофиаи судӣ қарордоштаву ҳанӯз маҳкумнашуда низ дахл кард.


