Шиносоии нахуствазир бо рафти сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон

Ахири ҳафтаи сипаришуда нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони роҳи оҳани қитъаи Ваҳдат – Ёвон шинос шуд. Сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нахуствазир ва намояндагони вазорату идораҳое, ки ӯро ҳамроҳӣ доштанд, бо рафти сохтмони иншоот аз истгоҳи Ваҳдат то истгоҳи Ёвон аз наздик ошно […]

Аваз Юлдошев



Ахири ҳафтаи сипаришуда нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони роҳи оҳани қитъаи Ваҳдат – Ёвон шинос шуд.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нахуствазир ва намояндагони вазорату идораҳое, ки ӯро ҳамроҳӣ доштанд, бо рафти сохтмони иншоот аз истгоҳи Ваҳдат то истгоҳи Ёвон аз наздик ошно гардиданд. Айни замон дар сохтмони ин иншоот ҳудуди 130 адад техника сафарбар шуда, беш аз 375 нафар коргарону мутахассисони ватаниву хориҷӣ машғули коранд ва дар зарфи 10 моҳи соли равон дар сохтмони ин роҳи оҳан зиёда аз 48 млн. сомонӣ маблағҳо азхуд шудаанд.

Қоҳир Расулзода дар иншооти мазкур ҷаласаи ситоди сайёри сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвонро доир намуда, ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳо, иҷрои хушсифати корҳои сохтмонӣ, оқилона истифода бурдани воситаҳои ҷудошуда ва афзоиши шумори мутахассисон дар иншоот дастур супоришҳои мушаххас дод.

Ба гуфтаи Муҳиддинов, дар ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Ёвон нахуствазири кишвар ҳамчунин бо ҷараёни корҳои кишоварзон дар бахши парвариши сабзавот дар гармхонаҳо низ шинос шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.