Афзоиши ММД-и Тоҷикистон дар соли 2015 то 6% коҳиш меёбад

Date:



Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) бар ин назаранд, ки афзоиши ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2015 то 6% коҳиш меёбад.

Бино ба пешгӯии онҳо, аз рӯйи натиҷаҳои соли равон ҳаҷми ММД-и кишвар дар нисбати 7,4%-и соли 2013 то 6,5% камтар мешавад.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ тамоили поинравии ҳаҷми афзоиши ММД Тоҷикистонро мутаносибан ба таъсири сустшавии рушди иқтисод дар Русия ва нишондиҳандаҳои паст дар содироти маҳсулоти асосӣ мансуб медонанд.

Тибқи пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2016 ҳаҷми афзоиши ММД Тоҷикистон 6,3%-ро ташкил хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, тибқи пешгӯии ҳукумати кишвар, соли 2015 ММД Тоҷикистон дар ҳаҷми 52,8 млрд. сомонӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар ҳисоби воқеъӣ дар сатҳи 7,2% пешбинӣ гардидааст. Аз рӯи натиҷаҳои соли равон ҳаҷми ММД 47 млрд. сомонӣ бо афзоиши 7,6% ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли 2013 ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ беш аз 40 млрд. 524,5 млн. сомонӣ (зиёда аз 8,5 млрд. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба таносуби нархҳо аз нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 7,4% зиёдтар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...