Тариқи Барномаи рушди СММ Русия ба Тоҷикистон 6,7 млн.$ ҷудо кард

Тариқи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои амалисозии лоиҳаи «Беҳбуди некӯаҳволии 1 млн. нафар аҳолии деҳоти нуҳ ноҳияи Тоҷикистон» Русия ба Тоҷикистон 6,7 млн.$ ҷудо кард. Созишномаи бурсӣ дар ин хусусро сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва ҳамоҳангсози доимии СММ, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев ба имзо расониданд. Ба гуфтаи […]

ASIA-Plus



Тариқи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои амалисозии лоиҳаи «Беҳбуди некӯаҳволии 1 млн. нафар аҳолии деҳоти нуҳ ноҳияи Тоҷикистон» Русия ба Тоҷикистон 6,7 млн.$ ҷудо кард.

Созишномаи бурсӣ дар ин хусусро сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва ҳамоҳангсози доимии СММ, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев ба имзо расониданд.

Ба гуфтаи Александр Зуев, дар лоиҳа ҷиҳати беҳбуди шуғли аҳолӣ ва рушди соҳибкорӣ дар нуҳ ноҳияи вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Рашт амалисозии як қатор тадбирҳо пешбинӣ шуда, лоиҳа аз ҷониби Русия маблағгузорӣ ва муддати се сол амалӣ мегардад.

Дар доираи амалисозии лоиҳа зиёда аз 500 нафар ба омӯхтани касбҳои нав имкон пайдо карда, дар маҷмӯъ лоиҳа ба беҳбуди ҳудуди 1 млн. нафар сокинони Тоҷикистон мусоидат мекунад.

«Ин лоиҳаи нахустини Русия дар Тоҷикистон аст, ки тариқи Барномаи рушди СММ амалӣ мешавад ва мо ба густариши ҳамкориҳо бо ин барнома кӯшиш ба харҷ медиҳем», – гуфт сафири Русия.

Ҳамчунин сафир зикр кард, ки зимни амалисозии лоиҳа ба ноҳияҳое, ки феълан маҳсулоти кишоварзиро ба Русия содирот мекунанд, таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.