Ҳузури нахуствазир дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот дар Роғун

Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қ оҳир Расулзода аз шаҳри Роғун боздид намуда, дар маросими ба истифода додани як қатор иншоот иштирок кард. Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, бо иштироки нахуствазири кишвар бинои нави дуошёнае мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он осорохона, китобхона, мактаби мусиқӣ ва маркази эҷодӣ барои кӯдакон […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон

Қ

оҳир Расулзода аз шаҳри Роғун боздид намуда, дар маросими ба истифода додани як қатор иншоот иштирок кард.

Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, бо иштироки нахуствазири кишвар бинои нави дуошёнае мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он осорохона, китобхона, мактаби мусиқӣ ва маркази эҷодӣ барои кӯдакон фаъолият хоҳанд кард.

«Мавриди истифода қарор гирифтани бинои мазкур, ки дорои 27 ҳуҷраи кории васеъ аст, ба ҳалли мушкилоти норасоии ҷой барои фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимотӣ дар шаҳри Роғун мусоидат мекунад», – гуфт Муҳиддинов.

Зимнан зикр гардид, ки Қоҳир Расулзода дар маросими ба истифода додани бинои нави суди шаҳр, ки ба маблағи 1,5 млн. сомонӣ сохта шудааст, низ ҳузур дошт. «Нахуствазир ҳамчунин дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирфтани бинои сеошёнаи меҳмонхона, ки барои сохтмони он зиёда аз 3 млн. сомонӣ маблағ масраф шудааст, низ иштирок кард», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.