Ёвари прокурори гунаҳкор дар садамаи марговар афв шуд

Ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода, ки субҳи рӯзи 28-уми сентябр корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пироваи 54-соларо бо автомашинааш пахш намуда, боиси марги ӯ гардид ва аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буд, мавриди афв қарор гирифта, ба озодӣ баромад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии […]

Аваз Юлдошев



Ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода, ки субҳи рӯзи 28-уми сентябр


корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пироваи 54-соларо бо автомашинааш пахш намуда, боиси марги ӯ гардид ва аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буд, мавриди афв қарор гирифта, ба озодӣ баромад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, бинобар сабаби эълон шудани афв, парвандаи ҷиноӣ нисбати ёвари прокурор қатъ карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки


Ф.Холиқзода ба кор дар мақомоти прокуратура барқарор намешавад, зеро дар афви эълоншуда ин пешбинӣ нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 29-уми сентябри соли равон дар назди меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ» корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пироваи 54-сола 

бар асари зери чархи автомашинаи

 ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода мондан ба ҳалокат расид. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.