Ба бахши кишоварзии Тоҷикистон Чин 800 млн. $ маблағузорӣ карданист

Дар шаҳри Пекин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Волии музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Сиэ Фучжанро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин музофоти Чин баррасӣ шуд. Тавре зикр гардид, ширкатҳои ин музофот бо Тоҷикистон ҳамкории босамар ба роҳ мондаанд, пеш аз ҳама дар соҳаи […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Пекин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Волии музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Сиэ Фучжанро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин музофоти Чин баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, ширкатҳои ин музофот бо Тоҷикистон ҳамкории босамар ба роҳ мондаанд, пеш аз ҳама дар соҳаи кишоварзӣ ва тасмим доранд, ки оянда барои коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ корҳои назаррас анҷом диҳанд.

Пас аз мулоқот миёни Тоҷикистон ва музофоти Хэнани Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат ба имзо расид, ки тибқи он аз ҷониби ширкатҳои ин музофот дар Тоҷикистон бо харҷи беш аз 800 миллион доллари амрикоӣ корхонаҳои зиёди саноатӣ бунёд хоҳад ёфт.

Дар навбати аввал комбинати орд, корхонаи нуриҳои минералӣ ва заводҳои равғанкашӣ ва коркарди тухмии зироатҳои кишоварзӣ бунёд меёбанд. Минбаъд ҳамчунин сохтмони корхонаҳои истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, хӯроки омехтаи чорво ва бунёди хоҷагиҳои чорводорӣ дар назар аст.

Изҳори бовар карда шуд, ки чунин ҳамкорӣ ба таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар аст, мусоидати фаъол мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.