АНМН: Боздошти фурӯшандагони маводи нашъаовар дар пойтахт

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи як амалиёти бобарор ду нафар сокинони 18-солаи ноҳияи Ёвонро, ки мехостанд дар ҳудуди пойтахт маводи нашъаоварро фурӯшанд, дастгир намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, барои амалӣ намудани хабари оперативӣ, қарор қабул шуд, ки онҳоро бо далели шайъӣ дастгир намоянд. Гуфта мешавад, […]

ASIA-Plus



Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи як амалиёти бобарор ду нафар сокинони 18-солаи ноҳияи Ёвонро, ки мехостанд дар ҳудуди пойтахт маводи нашъаоварро фурӯшанд, дастгир намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, барои амалӣ намудани хабари оперативӣ, қарор қабул шуд, ки онҳоро бо далели шайъӣ дастгир намоянд.

Гуфта мешавад, фурӯхтани ин бори ҷиноӣ ва ба даст даровардани даромади муфт ба онҳо муяссар нагардида, дар вақти азназаргузаронии шахсӣ аз онҳо бастаи селофанӣ бо маводи растанимонанди буйи махсус дошта дарёфт ва мусодира гардид.

Лабораторияи ташхиси судӣ муайян кард, ки маводи мусодирашуда навъи ҳашиш аст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Онҳо ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Агентӣ ворид карда шуда, айни замон гурӯҳи тафтишотӣ-оперативии АНМН ҷиҳати муайян кардани дигар шахсони ба ин ҷиноят марбут чораҳои заруриро меандешад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.