Ба мансабдорони давлатии Тоҷикистон роҳ сӯйи маҷлисҳои маҳаллӣ баста шуд

Date:



Бо пешниҳоди президенти Тоҷикистон имрӯз палатаи поёнии парлумон ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионии кишвар «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»-ро маъқул шуморид, ки тибқи он аъзои ҳукумат, роҳбарони намояндагиҳои вазорату идораҳо дар маҳалҳо, прокурору судяҳо, роҳбарони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба пешбарии номзадиашон ба вакилӣ дар маҷлисҳои маҳаллӣ, яъне вакилон дар маҷлисҳои вилояту шаҳр ва ноҳияҳо ҳуқуқ надоранд.

Вакил Бибидавлат Афзалшоева зимни суханронӣ дар ин робита изҳор кард, ки тибқи ин тағйирот, агар мансабдорони дараҷаҳои зикршуда хоҳиши пешбарии номзадиашон ба вакилӣ дар маҷлисҳои маҳаллиро дошта бошанд, онҳо уҳдадоранд, ки аз хизмати давлатӣ даст кашанд. «Ин тағйирот ба раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ҳамчунин муовинони онҳо дахл надорад», – иброз дошт Афзалшоева.

Тибқи тағйироти дигар дар қонуни мазкур, аҳзоби сиёсии кишвар, ки дар ин ё он шаҳру ноҳия бахшҳои худро надоранд, ҳамчунин ба пешбарии номзади ҳизб ба вакилӣ дар маҷлисҳои маҳаллӣ ва шомил шудан ба ҳайати комиссияҳои интихоботии маҳаллӣ низ ҳуқуқ надоранд.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ ба тағйироти марбут ба ҳизбҳои сиёсӣ норозигӣ изҳор намуда, бар ин назар аст, ки онҳо ба афзоиши ҳодисаҳои маҳалгароӣ дар шаҳру ноҳияҳо мусоидат мекунанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related