Ҳабси сокинони Ваҳдату Восеъ ба гумони ғоратгарӣ

Кормандони мақомоти милисаи шаҳри Турсунзода ба гумони даст доштан дар ҳамлаи ғоратгарона сокини 30-солаи ноҳияи Восеъ Тоҳир Каримов ва сокини 21-солаи шаҳри Ваҳдат Рамзатулло Амонуллоро ба ҳабс гирифтанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шаби 5 ба 6-уми ноябр дастгиршудагон ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»-и мутааллиқ ба сокини 49-солаи ноҳияи Фархор Мӯсо Исоев нишаста, аз […]

ASIA-Plus



Кормандони мақомоти милисаи шаҳри Турсунзода ба гумони даст доштан дар ҳамлаи ғоратгарона сокини 30-солаи ноҳияи Восеъ Тоҳир Каримов ва сокини 21-солаи шаҳри Ваҳдат Рамзатулло Амонуллоро ба ҳабс гирифтанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шаби 5 ба 6-уми ноябр дастгиршудагон ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»-и мутааллиқ ба сокини 49-солаи ноҳияи Фархор Мӯсо Исоев нишаста, аз ӯ дархост мекунанд, ки онҳоро то шаҳри Турсунзода расонад.

Гуфта мешавад, дар қаламрави ноҳияи Ҳисор онҳо ронандаро мавриди лату кӯб қарор дода, сипас автомашинаи арзишаш 6 ҳазор 200 доллари ИМА-ро тасарруф ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи далели мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.