Имзои Ёддошти тафоҳум дар самти муҳоҷират миёни Душанбе ва Санкт-Петербург

Дар доираи Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петрбург дар Душанбе губернатори пойтахти шимолии Русия Георгий Полтавченко ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Ёддошти тафоҳум миёни шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Душанбе оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои муҳоҷирати кориро ба имзо расониданд. Тавре котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, мутобиқи бандҳои санади баимзорасида, сафари муҳоҷирони корӣ аз пойтахти Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев



Дар доираи Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петрбург дар Душанбе губернатори пойтахти шимолии Русия Георгий Полтавченко ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Ёддошти тафоҳум миёни шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Душанбе оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои муҳоҷирати кориро ба имзо расониданд.

Тавре котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, мутобиқи бандҳои санади баимзорасида, сафари муҳоҷирони корӣ аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург қонунӣ сурат гирифта, ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо ҳимоя мешаванд.

«Корхонаву ташкилотҳои шаҳри Санкт-Петербург муҳоҷирони корӣ аз шаҳри Душанберо муташаккилона ва бо назардошти эҳтиёҷ ба кор ҷалб мекунанд», – иброз дошт Саидов.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин дар пойтахт байни мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №92-и Душанбе ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №261 -и ноҳияи Кирови Санкт-Петербург Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.