Оғози омӯзиши лоиҳаи қонун «Дар бораи маҷлисҳо» дар парлумон

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд, ки дар он як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳим мавриди баррасй қарор гирифтанд.  Бино ба иттилои сомонаи расмии МНМО ҶТ, аъзои Шӯро аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо», лоиҳаи қонунҳои […]

ASIA-Plus



Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд, ки дар он як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳим мавриди баррасй қарор гирифтанд. 

Бино ба иттилои сомонаи расмии МНМО ҶТ, аъзои Шӯро аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо», лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот», Оид ба Созишнома дар бораи махсусгардонии бисёрҷонибаи байнидавлатии истеҳсол ва таҳвили тухмии навъҳо ва дурагаҳои зироатҳои кишоварзӣ, кӯчату ниҳолҳои меваю буттамева ва ток, Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро муҳокима ва баррасй намуданд. 

Гуфта мешавад, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Амирқул Азимов, Сафаралӣ Раҷабов, Олимҷон Салимзода ва Саиди Ёкубзод назару пешниҳодҳои худро барои боз ҳам мукамалу возеҳтар гардидани лоиҳаи қонунҳо, моҳият ва зарурати онҳо изҳор доштанд. 

Зимнан зикр мегардад, ки дар хотимаи ҷаласаи Шӯро қисме аз масъалаҳоро барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва қисми дигарро барои хулосабарорй ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.