Зани духтарчаи 6-солаашро қатлкарда ба 19 соли зиндон маҳкум шуд

Зиёдагул Шарипова, ки бераҳмона сари духтарашро бурида, ӯро кушта буд, ба 19 соли зиндон маҳкум шуд. Рӯзи 7-уми ноябр дар Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе ин ҳукм эълон шуд. Зан мутобиқи моддаи 104, қ. 2 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф карда шуд. Ёдрас мекунем, ки нимаи рӯзи 30-юми июни соли […]

Маҳастӣ Дӯстмурод



Зиёдагул Шарипова, ки бераҳмона сари духтарашро бурида, ӯро кушта буд, ба 19 соли зиндон маҳкум шуд. Рӯзи 7-уми ноябр дар Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе ин ҳукм эълон шуд. Зан мутобиқи моддаи 104, қ. 2 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки

нимаи рӯзи 30-юми июни соли равон

дар роҳрави назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федини пойтахт ҷасади хурдсол Мадина Шариповаи 6-сола, тарбиягирандаи Хонаи кӯдакони №2-и Раёсати тандурустии ш. Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ, сар аз тан ҷудо дарёфт гардид.

Ҳамагӣ баъд аз 20-дақиқаи содир шудани ҷинояти мазкур, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Синои ш.Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят модари марҳум – Зиёдагул Шариповаи 29-сола дастгир карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.