Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Парлумони Туркия ҷаноби Мустафо Кабакчӣ ва ҳайати ҳамраҳонаш доир гардид, ки дар он масоили ҳамкориҳои самарбахши иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, ҳангоми вохӯрӣ аз тамоюли рушдёбандаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Туркия изҳори хушнудӣ шуда, аз ҷумла, қайд гардид, ки дар соли 2013 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар 650 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.
Гуфта мешавад, дар муддати 9 моҳи соли ҷорӣ бошад, гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия 456,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар ин замина таносуби воридоту содирот андак аст.
Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо ҳамчунин ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ташкили намоишгоҳҳо ва бизнес-форумҳо бо ҷалби соҳибкорону тоҷирон, омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ғайра ибрози назар намуданд.


