Баррасии масоили марбут ба озодии расонаҳо дар Душанбе

Date:



Рӯзҳои 18-19-уми ноябр дар шаҳри Душанбе дар доираи конфронси ҳарсолаи ҷомеаи шаҳрвандии байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба озодии расонаҳо семинари ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон 



баргузор гардид, ки дар он озодии васоити ахбори умум дар Тоҷикистон зери муҳокима қарор гирифт. 

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, дар кори конфронси-семинари мазкур беш аз 60 нафар намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии тоҷик фаъол дар соҳаи ҳуқуқи инсон, намояндагони расонаҳо, коршиносони Аврупо ва минтақа, намояндагони давлат ва ҷомеаи байналмилалӣ ширкат варзиданд. Муҳокимаҳо ҷанбаҳои гуногун, хусусан, вазъи умумии озодии расонаҳо, дастрасӣ ба иттилоот, мафҳуми амнияти иттилоотӣ дар Тоҷикистон, рузноманигории масъулиятнок ва одоби касбӣ, гузариш ба пахши рақамиро дар бар гирифтанд.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ як қатор тавсияҳоро қабул карданд, ки онҳо ба тавсеаи озодии расонаҳо дар ин кишвар мусоидат мекунанд. Мувофиқи таҷрибаи маъмулӣ, тавсияҳои мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Намояндагии Иттиҳоди Аврупо пешниҳод гардида, зимни ҷаласаи навбатии Муколамаи байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, ки дар соли 2015 баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Семинари ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ҷузъи Муколамаи ҳамасола оид ба ҳуқуқи инсон миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади баррасии доираи васеи масоили ҳуқуқи инсон баргузор мегардад. Муколама баъд аз тасдиқи Дурнамои «Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: дурнамои шарикии навин» аз ҷониби Шӯрои Аврупо дар моҳи июни соли 2007 оғоз гардида, ба пешбурди риояи ҳуқуқи инсон, озодиҳои асосӣ ва унсурҳои мардумсолорӣ равона шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...