Баррасии масоили марбут ба озодии расонаҳо дар Душанбе

Рӯзҳои 18-19-уми ноябр дар шаҳри Душанбе дар доираи конфронси ҳарсолаи ҷомеаи шаҳрвандии байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба озодии расонаҳо семинари ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон  баргузор гардид, ки дар он озодии васоити ахбори умум дар Тоҷикистон зери муҳокима қарор гирифт.  Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, дар кори конфронси-семинари […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои 18-19-уми ноябр дар шаҳри Душанбе дар доираи конфронси ҳарсолаи ҷомеаи шаҳрвандии байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба озодии расонаҳо семинари ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон 



баргузор гардид, ки дар он озодии васоити ахбори умум дар Тоҷикистон зери муҳокима қарор гирифт. 

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, дар кори конфронси-семинари мазкур беш аз 60 нафар намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии тоҷик фаъол дар соҳаи ҳуқуқи инсон, намояндагони расонаҳо, коршиносони Аврупо ва минтақа, намояндагони давлат ва ҷомеаи байналмилалӣ ширкат варзиданд. Муҳокимаҳо ҷанбаҳои гуногун, хусусан, вазъи умумии озодии расонаҳо, дастрасӣ ба иттилоот, мафҳуми амнияти иттилоотӣ дар Тоҷикистон, рузноманигории масъулиятнок ва одоби касбӣ, гузариш ба пахши рақамиро дар бар гирифтанд.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ як қатор тавсияҳоро қабул карданд, ки онҳо ба тавсеаи озодии расонаҳо дар ин кишвар мусоидат мекунанд. Мувофиқи таҷрибаи маъмулӣ, тавсияҳои мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Намояндагии Иттиҳоди Аврупо пешниҳод гардида, зимни ҷаласаи навбатии Муколамаи байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, ки дар соли 2015 баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Семинари ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ҷузъи Муколамаи ҳамасола оид ба ҳуқуқи инсон миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади баррасии доираи васеи масоили ҳуқуқи инсон баргузор мегардад. Муколама баъд аз тасдиқи Дурнамои «Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: дурнамои шарикии навин» аз ҷониби Шӯрои Аврупо дар моҳи июни соли 2007 оғоз гардида, ба пешбурди риояи ҳуқуқи инсон, озодиҳои асосӣ ва унсурҳои мардумсолорӣ равона шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.