ХБА иваз кардани мутахассисони «Барқи тоҷик» ба хориҷиёнро пешниҳод мекунад

Зимни нишасти хабарӣ аз рӯйи натиҷаҳои сафари навбатии гурӯҳи коршиносони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба Тоҷикистон роҳбари гурӯҳ Ҷонатан Данн изҳор намуд, ки хатарҳои асосӣ барои сиёсати андозу буҷети Тоҷикистон ба корхонаҳои давлатии зиёновар марбутанд. Ширкати «Барқи тоҷик», КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ва ширкати «Talco Management»-ро ӯ аз ҷумлаи чунин корхонаҳо ном бурд. «Ҳарчанд сиёсти […]

Пайрав Чоршанбиев



Зимни нишасти хабарӣ аз рӯйи натиҷаҳои сафари навбатии гурӯҳи коршиносони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба Тоҷикистон роҳбари гурӯҳ Ҷонатан Данн изҳор намуд, ки хатарҳои асосӣ барои сиёсати андозу буҷети Тоҷикистон ба корхонаҳои давлатии зиёновар марбутанд. Ширкати «Барқи тоҷик», КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ва ширкати «Talco Management»-ро ӯ аз ҷумлаи чунин корхонаҳо ном бурд.

«Ҳарчанд сиёсти миёнамуҳлати андозу буҷет бо таъмини устувории дарозмуддат мувофиқа шавад ҳам, чун пешина аз байн бурдани як қатор хатарҳои назаррас барои мавқеи андозу буҷет тақозо мешавад ва ин хатарҳо аслан ба корхонаҳои зиёновар, мушаххас набудани нақшаҳо оид ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ва ҷой доштани баъзе унсурҳои заъиф дар низоми андоз марбутанд», – гуфт роҳбари гурӯҳи ХБА.

Ҷонатан Данн бар ин назар аст, ки «тадбирҳои мушаххас оид ба маҳдуд кардани хатарҳои фискалӣ ва беҳбуди шаффофияти он аз роҳандозии сиёсати нави фоидаовар (дивидендӣ) нисбати корхонаҳои давлатӣ иборатанд».

Ҳамчунин ӯ ба ҳукумати Тоҷикистон «бозсозии ҳамаҷонибаи сохтори «Барқи тоҷик»-ро шояд дар доираи тибқи шартнома ба идоракунии ин ширкат ҷалб кардани мутахассисони хориҷӣ ҷиҳати беҳбуди ҷамъоварии маблағи пардохти истифодаи нерӯи барқ ва таъмини ҷуброни хароҷот пешниҳод кард.

Ғайр аз ин, намояндаи Хазина ба ҳукумат тавсия дод, ки аз корхонаҳои калидӣ (бо шумули «Барқи тоҷик», «НБО Роғун», ТАЛКО ва «Talco Management») аудитҳои ҳамасола тибқи меъёрҳои байнулмилалии ҳисоботдиҳии молиявӣ бо нашри хулосаҳои аудитро талаб намояд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.