Вазири маориф ниятҳои ректори Донишгоҳи омӯзгориро ғайриқонунӣ хонд

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саидов дар ҷамъи журналистон изҳор намуд, ки ниятҳои ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов оид ба ҷаримаи пулӣ бастани донишҷӯён барои ба дарсҳо ҳозир нашудан ғайриқонунӣ аст. «Мутобиқи талаботи қонунгузорӣ, дар сурати 36 соат ба машғулиятҳо ҳозир нашудан донишҷӯ аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад», – қайд кард […]

Аваз Юлдошев



Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саидов дар ҷамъи журналистон изҳор намуд, ки ниятҳои ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов оид ба ҷаримаи пулӣ бастани донишҷӯён барои ба дарсҳо ҳозир нашудан ғайриқонунӣ аст.

«Мутобиқи талаботи қонунгузорӣ, дар сурати 36 соат ба машғулиятҳо ҳозир нашудан донишҷӯ аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад», – қайд кард вазир.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки ба амалӣ шудани тасмими ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ оид ба ҷарима бастани донишҷӯён ба маблағи 25 сомонӣ барои ҳозир нашудан ба як машғулият комилан роҳ нахоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки тасмим гирифтааст,  барои донишҷӯёне, ки ба дарсҳо ҳозир намешаванд,

ҷаримаи пулӣ ҷорӣ созад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.