Болоравии нархи истифодаи оби нӯшокӣ дар Душанбе

Date:



Аз 1-уми январи соли 2015 тарифҳои истифодаи оби нӯшокӣ дар шаҳри Душанбе боло мераванд. Бо пешниҳоди КВД «Обу корези Душанбе» Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин хусус қарор қабул кардааст.

Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов ин қарорро чунин шарҳ дод: «Тарифҳо бо назардошти болоравии нархи истифодаи нерӯи барқ, реагентҳо барои поксозии об ва ҳамчунин бо мақсади баргардонидани қарзҳои Бонки ҷаҳонӣ, ки ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳо оид ба обтаъминкунии пойтахт ҷудо шуда буданд, зиёд карда мешаванд».

Мутобиқи тарифҳои нав, ҳар як сокини пойтахт барои истифодаи об дар як моҳ ба ҷойи 3 сомониву 31 дирами пешина 4 сомониву 14 дирам маблағ пардохт мекунад. Барои ташкилотҳои буҷетӣ нархи 1 метри мукааби об 1 сомониву 18 дирам ва барои корхонаҳои тиҷоратӣ 2,95 сомониро ташкил хоҳад дод.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...