Прокуратураи Хатлон маълумоти ВКД оид ба кӯдакрабоӣ дар Қумсангирро рад мекунад

Мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон маълумоти чанде қабл аз ҷониби маркази матбуоти ВКД интишоршуда оид ба рабудани кӯдаки 1-моҳа дар ноҳияи Қумсангир аз ҷониби шаҳрванди дар Маскав иқоматдошта Лидия Крутскаяро рад мекунад. Сарёвари прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Лидия Крутскаяи 30-сола модари кӯдаки «гӯё рабудашуда» буда, кӯдак на […]

ASIA-Plus



Мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон маълумоти чанде қабл аз ҷониби маркази матбуоти ВКД интишоршуда оид ба

рабудани кӯдаки 1-моҳа

дар ноҳияи Қумсангир аз ҷониби шаҳрванди дар Маскав иқоматдошта Лидия Крутскаяро рад мекунад.

Сарёвари прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Лидия Крутскаяи 30-сола модари кӯдаки «гӯё рабудашуда» буда, кӯдак на 1-моҳа, балки 9-моҳа аст.

«Волидони шавҳараш, ки ӯро моҳи май ба хизмати ҳарбӣ даъват карданд, арӯси руси аз Русия овардаи писарашонро аз хона ронда, ба ӯ имкон намедоданд, ки бо писарчааш дидор дошта бошад», – мегӯяд сарёвари прокурори вилоят. – Волидони шавҳараш ғайриқонунӣ ба вохӯрии модар бо фарзанди худ монеъ мешуданд, вале ӯ ба дидор бо фарзандаш дар ҳама гуна вақту ҳолат ҳуқуқ дорад. Зан маҷбур шудааст, ки пинҳонӣ ба хона ворид шуда, фарзандашро бо худ барад».

Варқа Зайниддинов ҳамчунин зикр кард, ки нисбати Л.Крутская парвандаи ҷиноӣ боз нашуда, ӯ ба ҳабс ҳам гирифта нашудааст ва айни замон бо фарзандаш назди шиносҳояш дар ноҳияи Рӯдакӣ қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.