Қатли ду донишҷӯ дар Кӯлоб дар манзили иҷора

Ду нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб шаби гузашта дар хонаи иҷораашон кушта шуданд. Дар ин бора бахши тоҷикии сомонаи радиои»Озодӣ» бо истинод ба мақомоти умури дохилаи шаҳр хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти мазкур донишҷӯи ҳамин донишгоҳ боздошт шудааст. Донишҷӯёни кушташуда Наврӯзи Саидаҳмад ва Ҳокимхон Назаров дар курси сеюми […]

ASIA-Plus



Ду нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб шаби гузашта дар хонаи иҷораашон кушта шуданд. Дар ин бора бахши тоҷикии сомонаи радиои»Озодӣ» бо истинод ба мақомоти умури дохилаи шаҳр хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти мазкур донишҷӯи ҳамин донишгоҳ боздошт шудааст.

Донишҷӯёни кушташуда Наврӯзи Саидаҳмад ва Ҳокимхон Назаров дар курси сеюми факултаи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонӣ таҳсил доштаанд. Онҳо зодагони маҳаллаи Даҳанаи шаҳри Кӯлоб буда, дар хонаи иҷора зиндагӣ мекардаанд.

Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят зодаи ноҳияи Темурмалик, донишҷӯи соли панҷуми факултаи таърих ва ҳуқуқ Амирхон Ҳотамов боздошт шудааст.

Муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Шарофат Худойдодова ба радиои «Озодӣ» дар ин робита иттилоъ додааст, ки куштор дар хонаи шумораи 23, дар маҳаллаи Борбади ҳамин шаҳр рух додааст ва ҳар ду донишҷӯи кушташуда муҳассилони ин донишгоҳ буданд.

Ба гуфтаи мақомоти пулиси шаҳри Кӯлоб, Амирхон Ҳотамов дар дорухона ба ҳайси посбон фаъолият намуда, шабҳо он ҷо мемонадааст. Шаби гузашта ӯ назди Наврӯз ва Ҳокимхон омада, дар бом ҳамроҳ кафтар меқапанд ва сипас хӯрок пухта, шароб менӯшанд, ки дар натиҷа муноқиша сар мезанад.

«Дар ибтидо Амирхон бо корд ба зери манаҳи яке аз онҳо мезанад ва дигарӣ барои халос кардани ҳамутоқи худ меравад, ки ӯ низ мавриди ҳамла қарор мегирад. Вақте ҳар ду маҷруҳ мешаванд, Амирхон мехоҳад, ки онҳоро ба бемористон барад, аммо онҳо дар берун аз бино ҷон медиҳанд», – омадааст дар хабари радиои «Озодӣ».

Гуфта мешавад, донишҷӯён муддати се моҳи ахир ин хонаро ба иҷора гирифта будаанд. Ба гуфтаи ҳамсояҳо, дар ин манзил 6 нафар иқомат доштаанд, вале алҳол маълум нест, ки сокинони дигари хона дар куҷо будаанд.

Мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб ба радиои «Озодӣ» гуфтанд, ки ҳамакнун дар мавриди ин ҳодиса парванда боз шуда ва таҳқиқот оғоз шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди он ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар чанд рӯзи гузашта Эронро ба ҳамла таҳдид мекунад, баръакси ин дар хусуси шартҳои ду ҷониб...

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.