Сокини Қубодиён мегӯяд, дар хонааш устухонҳои динозаврро дарёфтааст

Сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон изҳор намуд, ки рӯзи 18-уми ноябр ҳангоми кӯчонидани хонаи кӯҳнаи худ боқимондаи устухонҳои динозаврро пайдо кардааст. Ин сокини ноҳияи Қубодиён Ҷӯрабек Шарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки боқимондаҳои устухонҳо ба ҷасади динозаври андозааш начандон бузург шабоҳат доранд. «Дарозии устухонҳон ҷасади дарёфтаи мо ҳудуди 60 сантиметрро ташкил дода, […]

Меҳрангез Турсунзода



Сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон изҳор намуд, ки рӯзи 18-уми ноябр ҳангоми кӯчонидани хонаи кӯҳнаи худ боқимондаи устухонҳои динозаврро пайдо кардааст.

Ин сокини ноҳияи Қубодиён Ҷӯрабек Шарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки боқимондаҳои устухонҳо ба ҷасади динозаври андозааш начандон бузург шабоҳат доранд. «Дарозии устухонҳон ҷасади дарёфтаи мо ҳудуди 60 сантиметрро ташкил дода, худи динозавр шояд як метр дарозӣ доштааст», – гуфт ҳамсуҳбат.

Ба қавли вай, боқимондаҳои ҷасад дар хонаи ӯ қарор дошта, ин боқимондаҳои ҷасади динозавр буданаш хулосаи шахсии ӯст ва алҳол ҳеҷ мақомоти дахлдор ба ин маълумот вокунише нишон надода, боқимондаҳоро ҳам касе ташхис накардааст.

Сардори шуъбаи ҳифзи мероси фарҳангии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Музаффар Азизов ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки дар вазорат ҳанӯз аз ин «бозёфт» огаҳии дақиқ надоранд.

«Ба Вазорати фарҳанг алҳол дар ин бора касе хабар надодааст ва ҳоло маълум ҳам нест, ки оё он боқимондаи ҷасади динозавр аст ё чизи дигар. Ба мо дар бораи дарёфти боқимондаҳои ҷасади динозавр маълумоти зиёд мерасад, вале баъди ташхис маълум мегардад, ки онҳо ба оилаи динозаврҳо ҳеҷ муносибате надоранд», – гуфт Азизов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.