Суғд: Ғолибони озмуни беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2014 қадрдонӣ шуданд

Дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ғолибони озмуни вилоятӣ   барои беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2014 таҳти унвони «Инсон, замон ва ҷомеа» бо диплому мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суханронӣ дар ҳузури рӯзноманигорони расонаҳои хабарӣ раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки дар ҷомеаи муосир нақши иттилоот ҳамчун як рукни […]

ASIA-Plus



Дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ғолибони озмуни вилоятӣ   барои беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2014 таҳти унвони «Инсон, замон ва ҷомеа» бо диплому мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суханронӣ дар ҳузури рӯзноманигорони расонаҳои хабарӣ раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки дар ҷомеаи муосир нақши иттилоот ҳамчун як рукни маънавиёт басо муҳим буда, касби рӯзноманигорӣ яке аз касбҳои бонуфуз ва дар айни ҳол масъулиятталаб ба ҳисоб меравад.

Ӯ ҳамчунин гуфт, давлату Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба воситаҳои ахбори умум таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, ба рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма эътибори бештар зоҳир менамояд.

Сипас дар фазои тантанавӣ 31 нафар ғолибони озмун ва фаъолон, аз ҷумла Ҷовид Ниёзӣ – муҳаррири телевизиони вилояти Суғд, Равзалӣ Амонов – мухбири Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, Муҳаббат Муродова – муҳаррири телевизиони СМ-1, Хосият Комилова – хабарнигори Садо ва Симои Эрон, Парвина Азизова – муҳаррири телевизиони «СМ-1», Насиба Мамадҷонова -муҳаррири телевизиони вилояти Суғд, Афзал Босолиев -муҳарири телевизиони «Азия», Қамари Аҳрор – мухбири «IWPR», Ҷамшед Маъруфов  – сармуҳаррири радиои “Пайванд”, Маҳфузахон  Носирова – муҳаррири радиои вилояти Суғд, Эшқул Файзуллоев  -сармуҳаррири радиои «Тироз», Раҳимҷон Ахмедов -муҳаррири радиои “Садои Хуҷанд”, Неъматулло Мирсаидов -рӯзноманигори рӯзномаи «Вароруд», Ӯлмас Эркаев -хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият», Абдусабури Абдуваҳҳоб -рӯзноманигор, корманди нашрияи «Ризқофарин», Хуршеда Содиқова – хабарнигори рӯзномаи «Согдийская правда», Тавҳиданисо Ҷӯраева – -хабарнигори рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд», Тилав Расулзода – рӯзноманигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва дигарон бо диплому мукофотпулиҳо дар ҳаҷмҳои гуногун (аз 7 000 то 1500 сомонӣ) сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин 6 нафар журналистон, аз ҷумла Обидҷон Каримов -муҳаррири телевизиони «Ҷаҳоннамо», Сайфулло Махкамов -хабарнигори ҳафтаномаи «Нақлиёт», Мирзоаъзам Мақсудов -сармуҳаррири рӯзномаи «Шӯълаи умед», Моҳира Раҳимзода – хабарнигори рӯзномаи «Сухани халқ», Маъмури Юсуфзод – сармуҳаррири рӯзномаи «Меҳри замин» ва Алишери Толиб – хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж» барои иштироки фаъолона бо диплом ва мукофотпулиҳои ҳавасмандкунӣ (ҳар яке дар ҳаҷми1000 сомонӣ)  сарфароз гардонида шуданд.

Сипас Бобоҷон Икромов, журналист ва адиби маъруфи кишвар аз номи аҳли қалам барои дастгириҳо ба раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ изҳори сипос намуд.

Дар охир раиси вилоят изҳор дошт, ки чунин иқдомҳо дар солҳои баъдӣ низ пиёда карда мешавад. Ӯ ҳамзамон аз журналистон даъват намуд, ки бо инъикоси масоили муҳимтарини ҷомеа барои пешрафту шукуфоии Ватани азиз саҳмгузор бошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.