Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзҳои 26-29-уми ноябр бо сафари корӣ аз шаҳри Санкт-Петербург боздид мекунад.
Ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷараёни сафар ҳайати парлумонии ҷумҳурӣ дар кори ҷаласаҳои Шӯро ва иҷлосияи 41-уми Ассамблеяи байнипарлумониӣ (АБП)-и ИДМ, комиссияҳои домии АБП ИДМ ва ҳамчунин чорабиниҳои АБП Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва АБП Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ширкат хоҳад варзид.


