Ҳашт сокини Суғди машғули таҳсил дар кишварҳои исломӣ ба ватан барнагаштанд

Ҳашт тан аз сокинони вилояти Суғд, ки дар кишварҳои исломӣ машғули таҳсиланд, ба ватан барнагаштанд. Мудири шуъбаи умури дини ҳукумати вилояти Суғд Абдуҳаким Шарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар кишварҳои исломӣ дар маҷмӯъ 644 нафар сокинони вилоят таҳсил мекарданд ва то имрӯз 636 нафарашон ба ватан баргаштанд. «Тибқи маълумоти мавҷуда, феълан […]

Мавлуда Рофиева



Ҳашт тан аз сокинони вилояти Суғд, ки дар кишварҳои исломӣ машғули таҳсиланд, ба ватан барнагаштанд.

Мудири шуъбаи умури дини ҳукумати вилояти Суғд Абдуҳаким Шарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар кишварҳои исломӣ дар маҷмӯъ 644 нафар сокинони вилоят таҳсил мекарданд ва то имрӯз 636 нафарашон ба ватан баргаштанд.

«Тибқи маълумоти мавҷуда, феълан дар кишварҳои исломӣ 8 тан аз сокинони вилоят боқӣ мондаанд, ки се нафарашон расман дар кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, ду  тан аз онҳо бидуни иҷозати расмӣ таълим мегиранд ва боз ду нафари дигар бо оилаҳояшон дар Арабистону Саудӣ иқомат дошта, як нафар мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад», – иброз дошт Шарифов.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли 2010 президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ин масъала изҳор намуда буд, ки «… интизор нашавед, ки фарзандони шумо мулло мешаванд, онҳо ифротаро мешаванд». Пас аз ин огоҳии президент ҷараёни бозгашти ҷавонон аз кишварҳои исломӣ ба ватан оғоз гардида, масъулияти ин кор ба дӯши мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор шуд.

«Баҳри мусоидат ва таъмини ҷавонони ба ватан баргашта бо ҷойи корӣ ва таҳсил мо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳем ва ҳамчунин барои бозгашти 8 нафар сокинони боқимондаи вилоят аз кишварҳои исломӣ низ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳем кард», – таъкид дошт Абдуҳаким Шарифов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.