Кабирӣ: Пешвоёни ҷаҳони ислом бояд аз мавъизаҳои ифротгароӣ парҳез намоянд

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Назари уламои ислом дар бораи гурӯҳҳои ифротиву такфирӣ», ки рӯзҳои 23-24-уми ноябр дар Эрон доир гардид, ширкат варзид. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, зимни суханронӣ дар конфронс Муҳиддин Кабирӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба он ҷалб намуд, ки имрӯз дар бораи ифротгароии гурӯҳҳои […]

ASIA-Plus



Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Назари уламои ислом дар бораи гурӯҳҳои ифротиву такфирӣ», ки рӯзҳои 23-24-уми ноябр дар Эрон доир гардид, ширкат варзид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, зимни суханронӣ дар конфронс Муҳиддин Кабирӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба он ҷалб намуд, ки имрӯз дар бораи ифротгароии гурӯҳҳои мусаллаҳи ошкор зиёд ҳарф мегӯянд, аммо ифротгароӣ дар адабиёт, мавъизаҳо, хутбаҳо ва навору дискҳо нодида гирифта мешавад, ҳол он, ки маҳз ифротгароии фикрӣ ва андешаӣ боиси пайдоиши ифротгароии мусаллаҳ ва такфир мегардад.

Дар ҳамин ҳол, ӯ аз пешвоёни ҷаҳони ислом даъват кард, ки  ҳангоми таълиф, мавъиза ё дарс аз сохтани зеҳнияти манфӣ нисбати дигар мусалмонон ва пайравони адёни дигар парҳез кунанд, то аз натиҷаи имрӯза пешгирӣ карда шавад.

«Ҷавонони мусалмон аз як тараф зери фишори низомҳои худкомаи дунявӣ ва аз тарафи дигар таҳти фишори доираҳои иртиҷоъии динӣ қарор доранд ва маҳдудиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, динӣ ва маҳрумият аз як зиндагии бо шарофату бокаромат онҳоро дар ҳолати интиқомгирӣ аз ҳаёт ва атрофиён қарор додааст, – иброз доштааст раиси ҲНИТ. – Имрӯз онҳо аз ҳамаи мо, сиёсатмадорон, уламо, давлатмадорон, ки ояндаи равшану умедворкунандаи онҳоро рабудаем, интиқоди худро бо ҳамин васила мегиранд.

Ҳамчунин Муҳиддин Кабирӣ таъкид доштааст, ки «то он вақте ки олами ислом дар шароити истибдоди сиёсӣ мазҳабӣ, фасоди идорӣ ва молӣ, фақрӣ ва иқтисодиву маънавӣ қарор дорад, мо ҳамеша мушкилии ифротгароиву такфирро хоҳем дошт».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.