Миёни Вазорати маорифи ҶТ ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Date:




    Душанбе. 30-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс».

– Дар конфронси вазирони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Бишкек миёни Вазорати маорифи ҶТ ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.






   Бино ба маълумотиДонишгоҳи Осиёи Марказӣ, имзои ёддошт барои густариши ҳамкориҳо дар риштаи мукаммал сохтани муҳити ҳуқуқӣ, шаклҳои таълим ва нақшаҳои дарсӣ, истифодаи навгониҳо дар омӯзиши касбӣ ва техникӣ шароити мусоид фароҳам мекунад.





      «Санади имзошуда татбиқи озмоишии барномаҳои пешқадами омӯзиши маълумоти касбӣ ва техникиро дар ҳамдастӣ бо кордиҳанда дар Мактаби маълумоти касбӣ ва муттасил пешбинӣ мекунад, – идома дод сарчашма. – Барномаҳои таълимии маълумоти касбӣ ва техникӣ бо иштироки бевосита ва дастгирии вазорати маориф таҳия хоҳанд гардид».





      Ёдрас мекунем, ки Мактаби маълумоти касбӣ ва муттасил соли равон дар шаҳри Хоруғ ба татбиқи чунин барнома шурӯъ кард.





    «Вазорат ният дорад, аз таҷрибаи мактаб дар дигар муасссиости таълимии ҷумҳурӣ истифода кунад», – афзуд сарчашма.



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...