Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон Александр Зуевро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот натиҷаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва сохторҳои СММ дар соли 2014 ва ҳамкориҳои афзалиятнок дар соли 2015 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, ҳамзамон масъалаи татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои БРСММ дар Тоҷикистон муҳокима гардиданд.



