Парвандаи ёвари прокурори афвшуда бозбинӣ мешавад

Парвандаи ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода, ки субҳи рӯзи 28-уми сентябр   корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пироваи 54-соларо бо автомашинааш пахш намуда, боиси марги ӯ гардид ва аввали моҳи ноябр тибқи қонуни афв ба озодӣ баромад, дар суди ноҳияи Сино дубора бозбинӣ мешавад. Тавре аз суди шахри Душанбе […]



Парвандаи ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода, ки


субҳи рӯзи 28-уми сентябр


 


корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пироваи 54-соларо бо автомашинааш пахш намуда, боиси марги ӯ гардид ва аввали моҳи ноябр тибқи қонуни афв ба озодӣ баромад, дар суди ноҳияи Сино дубора бозбинӣ мешавад.

Тавре аз суди шахри Душанбе иттилоъ доданд, парванда бар асоси аризаи Мирзо Муродов, ҳамсари Зевармо Пироваи ҳалокшуда бозбинӣ мешавад, ки аз болои қарори истифодаи афв нисбати Ф.Холиқзода шикоят бурдааст. «Алҳол санаи дақиқи бозбинии қарор дар бораи афв нисбати Ф.Холиқзода маълум нест», – гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ Ф.Холиқзода ба кор дар мақомоти прокуратура барқарор намешавад, зеро дар афви эълоншуда ин пешбинӣ нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 29-уми сентябри соли равон дар назди меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ» корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пироваи 54-сола 

бар асари зери чархи автомашинаи

 ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода мондан ба ҳалокат расид. 

Гунаҳкори садамаи нақлиёт Фирӯз Холиқзодаи 31-сола ба ҳайси ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт фаъолият дошт. Ӯ писари собиқ декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи милллии Тоҷикистон, профессор Кароматулло Холиқов мебошад, ки ду сол қабл аз олам даргузашт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.