Академияи илмҳо: ҲНИТ мисли Толибону ДИИШ барои ҷомеа хатарнок аст

– Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон на камтар аз созмони террористии «Толибон» ё гурӯҳи «Давлати исломии Ироқ ва Шом» (ДИИШ) барои ҷомеа хатарнок аст, – иброз дошт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» директори Маркази равандҳои муосир ва оянданигарии илмии назди Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори улуми фалсафа Ҳафиз Бобоёров. Дар шарҳи изҳороти раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ оид ба […]



– Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон на камтар аз созмони террористии «Толибон» ё гурӯҳи «Давлати исломии Ироқ ва Шом» (ДИИШ) барои ҷомеа хатарнок аст, – иброз дошт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» директори Маркази равандҳои муосир ва оянданигарии илмии назди Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори улуми фалсафа Ҳафиз Бобоёров.

Дар шарҳи

изҳороти раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ

оид ба айбдоркунии чанде аз олимон ба бекориву бадномкунӣ, Бобоёров таъкид дошт, ки фаъолияти маркази таҳти раҳбарии ӯ қарордошта дар таҳлили рӯйдодҳо дар дунё, аз ҷумла дар ҷаҳони ислом ва ба маълумоти ҷомеа расонидаи онҳо ифода меёбад.

«Мақолаҳои тайи чанд моҳи ахир интишоршуда аз ҷониби кормандони марказ дар ВАО оид ба таҳдидҳои ҲНИТ барои ҷомеаи дунявӣ, пешгӯиҳои олимони мо ва назару андешаҳои онҳо дар бораи ин ё он рӯйдод ба ҳизбу ҳаракатҳои алоҳида дахл надоранд, – қайд кард Бобоёров. – На ман ва на кормнадони марказ ҳеҷ гоҳ алайҳи ҲНИТ бо имзои мустаор мақолае рӯйи чоп наовардаанд. Тамоми мақолаҳои аз ҷониби мо интишоргардида дар бораи ин ҳизб ва пешвои он бо ному насаби воқеъии мо ба чоп мерасад».

Доктори улуми фалсафа ҳамчунин изҳор кард, ки ҲНИТ бо шиорҳои бардурӯғи демократӣ ва назарҳои бесару нӯги худ бояд аз саҳнаи сиёсати Тоҷикистон  канор биравад. «Мо, олимони марказ, минбаъд низ аҳолии кишварро аз рӯйдодҳои муосири ҷаҳон огаҳ сохта, зарурат надоштани ҳизби динӣ дар ҷомеаи муосирро аз нигоҳи илмӣ собит мекунем», – зикр кард Бобоёров.

Ёдрас мекунем, ки дар ҳошияи сафар ба Русия раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Маскав бо намояндагони диаспораҳои тоҷикон ва муҳоҷирони кории тоҷик мулоқот кард.


 

Ӯ онҳоро ба иштироки фаъолона дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли оянда дар ҷумҳурӣ даъват намуда, як қисмати муайяни кормандони Академияи илмҳои Тоҷикистонро, ки аз ҳисоби андозсупорандагон зиндагӣ карда, барои рушди илми тоҷик ҳеҷ коре анҷом намедиҳанд, мавриди интиқод қарор дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.