Баррасии дурнамои вазъ дар минтақа баъди хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз Афғонистон

Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ашхобод аз ҷониби Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (ММДБОМ) ва бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркманистон 5-умин вохӯрии Муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ намояндагӣ кард. Бино ба маълумоти департаменти […]



Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ашхобод аз ҷониби Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (ММДБОМ) ва бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркманистон 5-умин вохӯрии Муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ намояндагӣ кард.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ба сифати меҳмонони махсус дар вохӯрӣ Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон Николас Хейсом, Ёвари Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ Енс Тойберг-Франзен, инчунин Роҳбари минтақавии Бонки умумиҷаҳонӣ барои Осиёи Марказӣ Сародж Кумар Ча ҳузур доштанд.

Ширкаткунандагони вохӯрӣ оид ба роҳҳои таҳкими амният дар Осиёи Марказӣ, инчунин дурнамои рушди вазъият дар минтақа дар пасманзари хуруҷи Нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.

Дар ин росто, ширкаткунандагони чорабинӣ натиҷаҳои фаъолияти ММДБОМ-ро дар соли гузашта мавриди баррасӣ қарор дода, нақшаҳои Марказро барои солҳои 2015-2017 баррасӣ намуданд. Муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақа инчунин мулоҳизаҳои хешро оид ба Барномаи нави амали ММДБОМ барои се соли оянда иброз намуданд.

Дар чаҳорчӯби вохӯрии мазкур Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ бо Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Афғонистон Николас Хейсом ва Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Мирослав Енча мулоқотҳои дуҷониба баргузор намуд, ки зимни онҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти мубориза бо чолишҳои мавҷуда ва хатарҳои имконпазир ба амният ва суботи минтақа мавриди табодули назар қарор гирифтанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.