Кабирӣ ва сафири ҶТ дар Русия вазъи муҳоҷиронро баррасӣ карданд

Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, ки ҷиҳати иштирок дар кори форуми «Ҳамгиройии авруосиёӣ: дастовардҳо ва мушкилот» дар Маскав қарор дорад, мулоқот кард. Бино ба маълумоти сафорати ҶТ дар Русия, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба рӯйдодҳо дар саросари ҷаҳон ва минтақа, ҳамчунин […]



Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, ки ҷиҳати иштирок дар кори форуми «Ҳамгиройии авруосиёӣ: дастовардҳо ва мушкилот» дар Маскав қарор дорад, мулоқот кард.

Бино ба маълумоти сафорати ҶТ дар Русия, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба рӯйдодҳо дар саросари ҷаҳон ва минтақа, ҳамчунин масъалаи  муҳоҷирати ҳамватанон ба Русия табодули назар намуданд.

«Ҷонибҳо таъкид доштанд, ки дар шароити вазъи нигаронкунанда дар ҷаҳон ва таҳдидҳои муосир, тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус аҳзобу ҳаракатҳои сиёсӣ, афроди масъул ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки бо назардошти манфиатҳои милливу давлатӣ  фаъолияти худро роҳандозӣ намоянд», – қайд мешавад дар маълумоти сафорат.

Муҳиддин Кабирӣ ба сафир дар бораи иштирокаш дар форуми«Ҳамгиройии авруосиёӣ: дастовардҳо ва мушкилот», дидору гуфтушунидҳои гуногунаш дар доираи кори ин чорабинӣ, аз ҷумла вохӯриаш бо намояндагони диаспораҳои тоҷикон ва муҳоҷирони тоҷик маълумот дод.

Дар навбати худ, сафир раиси ҲНИТ-ро аз самтҳои муҳими фаъолияти намояндагии дипломатӣ, аз ҷумла тадбирҳои андешидаи ҳукумати ҶТ барои ҳимоят аз ҳуқуқ ва ҳаллу фасли мушкилоти муҳоҷирони корӣ дар Русия огаҳ намуд.

Дар сафорат зикр карданд, ки Кабирӣ ба сафир изҳор намудааст, ки «ӯ аз фаъолияти ахиран роҳандозишудаи сафорат дар самти густариши ҳамкориҳои барои тарафайн судманд миёни Тоҷикистон ва Русия огаҳ аст».

Зимнан зикр гардид, ки ҷонибҳо оид ба роҳандозии талошҳои муштарак барои ба вуҷуд овардани муҳити солими ҳамкорӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷудаи муҳоҷирони кории тоҷик ба мувофиқа расидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.