Дар Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон вохӯрии муовини сардори Хадамот полковник Тоҳирҷон Нуров бо роҳбари намояндагии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон Хоҷиғулом Сарязди доир гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, дар вохӯрӣ масъалаи тақвият бахшидани мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ баррасӣ шуд.
Дар вохӯрӣ сафири Ҷопон Камада Такаши, намояндагони Лоиҳаи ХАС/К22, намояндагони расмии мақомоти корҳои дохилӣ ва Агентии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъадори кишвар иштирок карданд.
Гуфта мешавад, аз тарафи Лоиҳаи ХАС/К22 ва намояндагии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ба се дидбонгоҳи сарҳадии Қарамиқи ноҳияи Ҷиргатол, Қизил-арти ноҳияи Мурғоб ва Панҷи поён таҷҳизотҳои зарурии техникӣ аз қабили компютер, асбобҳои аксбардорӣ ва наворбардорӣ, ду адад нақлиёти сабукрав ва дигар таҷхизотҳои зарӯрӣ тақдим карда шуд.
Қобили зикр аст, ки лоиҳаи ХАС/К22 аз соли 2009 инҷониб фаъолият дошта, барномаҳои худро бо унвони «Мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, мустаҳкамгардонии гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва таъсиси дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ» тариқи сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пиёда месозад.



