Вазири кишоварзии ҶТ Қосим Роҳбар директори кулли ширкати Бритониёии «ВИС» ҷаноби Питер Вейкфилдро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, муваффақият ва норасоиҳои фаъолияти ширкати мазкур барои ба роҳ мондани сертикисатсияи нави пахта тибқи талаботҳои бозори ҷаҳонӣ ва бо ин роҳ афзоиши даромаднокии на танҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ, балки зиёдшавии ҳаҷми андоз аз фурӯши нахи пахта мавзӯи марказии сӯҳбати тарафайн қарор дода шуд.
Вазир қайд намуд, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №468 аз 3 октябри соли 2006 ҶСП «Тоҷикистон-ВИС (Санҷиши мустақили пахта)» дар шакли муассисаи муштарак бо ширкати мустақили «Вейкфилд инспекшн сервисес», ки дар бозори зикргардида қариб 100 сол боз, яъне аз соли 1903 кор мекунад ва дар бозори ҷаҳонии нахи пахта соҳиби обрӯю эътибор ва боварии зиёд аст, таъсис дода шуд. Ин ширкат дар 39 мамлакати олам, ки соҳаи пахтакорӣ доранд намояндагии худро дорад.
Барои барпо намудани ин муассиса Бонки Рушди Осиё ба маблағи қариб ду миллион доллари ИМА қарз ҷудо намуда, 3 озмоишгоҳи минтақавии ҶСП «Точикистон-ВИС (Санҷиши мустақили пахта)» (дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе), ки ба талаботи замонавитарин ҷавобгӯ ҳастанд, бунёд карда шуданд. Мошинҳои баландсуръати озмоиши сифати нахи пахта модели HVI 1000 М 1000 харида ба кор омода карда шуданд.
Дар муассисаи муштарак 16 нафар кадрҳои баландихтисос кор мекунанд, ки таълимоти махсус гирифтаанд ва аз моҳи октябри соли 2008 соҳиби сертификати классёрҳои байналмилалианд. Корҳои сертификатсиони аз рӯи қоидаҳои замонавие, ки дар ҷаҳон қабул шудаанд, гузаронида мешаванд.
Ҳамзамон мушкилоту монеъаҳои мавҷуда дар роҳи тавсеаи фаъолияти ширкати мазкур мавриди муҳокимаи тарафайн қарор дода шуда, роҳҳои рафъи онҳо, аз ҷумла истифодаи роликҳои рекламавиву буклетҳо ва таъсиси сомонаи махсуси ширкат барои истифодабарандагони Тоҷикистон ба манфиати кор дониста шуд.



