Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбат ба раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҳим Зариф Шарифзода парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зиддифасод, тафтишот аз эҳтимол дур намедонад, ки моҳи августи соли ҷорӣ Р.Шарифзода зимни баррасии аризаи даъвогии шаҳрванд Ф.Соҳибназаров дар бораи қатъи ҳалномаи суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз соли 2007 дар робита ба пайдо шудани ҳолатҳои нав, барои ҳалли масъала ба нафъи даъвогар аз Ф.Соҳибназаров 7 ҳазор доллари ИМА маблағ талаб кардааст.
Зикр мегардад, ки 4 ҳазор доллари ИМА аз маблағи талабшударо раис суди иқтисодиии пойтахт шахсан ва боқимонда 3 ҳазор доллари ИМА-ро тавассути кормандони суд А.Ҳабибов ва А.Нусратуллозода гирифтааст.
Гуфта мешавад, нисбат ба Раҳим Шарифзода мутобиқи моддаи 319, қ.3-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.



