Аз соли 2015 то соли 2020 ҳамасола 6-нафарӣ омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар хориҷи кишвар ба давраҳои омӯзишии такмили ихтисос ҷаллб карда мешаванд.
Тавре котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии қарори ҳанӯз дар моҳи июл қабулгардидаи ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҶТ барои солҳои 2015-2010» қарор ба имзо расонид, ки мутобиқи он омӯзгорони мактабҳои пойтахт дар хориҷи кишвар такмили ихтисос мекунанд.
«Тамоми хароҷоти марбут ба такмили ихтисоси омӯзгорон дар хориҷи кишвар аз ҳисоби буҷети мақомоти шаҳрдори пойтахт пардохта мешавад», – гуфт Саидов.


