Нахуствазир бо рафти сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон шинос шуд

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон, роҳи оҳани ояндаи Душанбе – Қӯрғонтеппа шинос шуд. Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар қитъаи сохтмони роҳ ба нахуствазир маълумот додаанд, ки дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон 56 […]

Аваз Юлдошев



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон, роҳи оҳани ояндаи Душанбе – Қӯрғонтеппа шинос шуд.

Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар қитъаи сохтмони роҳ ба нахуствазир маълумот додаанд, ки дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон 56 млн. сомонӣ маблағҳо азхуд карда шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, зикр гардидааст, ки танҳо моҳи ахир дар ин иншоот беш аз 1,4 километр қисмати болои роҳи оҳан васл гардида, тайи 11 моҳи соли равон бошад, дар 2,4 километри роҳ корҳои васлкунии қисмати болоии роҳ анҷом дода шудаанд.

«Дар ҷаласаи сайёри ситоди корӣ бо ҳузури Қоҳир Расулзода аз иҷрои корҳо дар иншоот натиҷагирӣ шуда, нахуствазир ба шахсони масъул ҷиҳати андешидани тадбирҳо барои суръатбахшӣ ба корҳои таъмиру сохтмон дар қитъаи мазкур дастуру супоришҳо дод», – қайд кард Муҳиддинов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.