Даъвати иҷлосияи охирини палатаи болоии парлумон

Мувофиқи қарори аз ҷониби раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев баимзорасида, иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум санаи 24-уми декабр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Тавре ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов хабар дод, дар иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллӣ қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқшгуда, аз […]

ASIA-Plus



Мувофиқи қарори аз ҷониби раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев баимзорасида, иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум санаи 24-уми декабр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Тавре ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов хабар дод, дар иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллӣ қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқшгуда, аз ҷумла қонунҳо «Дар бораи  маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» ва «Дар бораи назорати воридот» баррасӣ мешаванд.

Мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, дар ҳар як даъват палатаи болоии парлумони кишвар бояд на камтар аз 20 иҷлосия баргузор намояд ва иҷлосияи санаи 24-уми декабр иҷлосияи охирин барои аъзои даъвати кунунии Маҷлиси миллӣ аст.

 Тибқи фармони президенти  кишвар аз 5-уми декабр, интихоботи аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ  27-уми марти соли 2015 баргузор мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.