С.Аслов сафирони Арабистони Саудӣ ва Маҷористонро ба ҳузур пазируфт

Санаи 9-уми декабр вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон  Бандар Ҷамил Маҳмудро ба ҳузур пазируфт. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар оғози вохӯрӣ сафир ба С.Аслов паёми Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Саудро ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорид. Сипас […]

ASIA-Plus



Санаи 9-уми декабр вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон  Бандар Ҷамил Маҳмудро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар оғози вохӯрӣ сафир ба С.Аслов паёми Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Саудро ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорид.

Сипас дар рафти суҳбат масоили мубрами рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз вохӯрии Сироҷидин Аслов бо сафири Ҷумҳурии Маҷористон дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Остона) Имре Лослотски барпо гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Маҷористонро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, маориф ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима намуданд.

Зимни суҳбат ҳамчунин оид ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.