Яман ба озодии табибзани тоҷик дар фурсати наздиктарин итминон дод

Дар робита ба ҳалли қазияи рабуда шудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева дар минтақаи Маъриби Ҷумҳурии Яман мақомоти ин кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд, то дар гуфтушунидҳо бо намояндагони қабилае, ки ба ин амали манфур даст задааст, натиҷаи матлубро ноил гарданд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ин бора вазири корҳои хориҷии […]

ASIA-Plus



Дар робита ба ҳалли қазияи рабуда шудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева дар минтақаи Маъриби Ҷумҳурии Яман мақомоти ин кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд, то дар гуфтушунидҳо бо намояндагони қабилае, ки ба ин амали манфур даст задааст, натиҷаи матлубро ноил гарданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ин бора вазири корҳои хориҷии Яман Абдуллоҳ Муҳаммад ас-Сойидӣ дар номаи ҷавобии худ ба паёми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов иттилоъ додааст, ки дар он аз мақомоти салоҳиятдори Яман ва шахсан аз Вазири корҳои хориҷии ин кишвар андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати ҳалли қазияи мазкур тақозо шуда буд.

Абдуллоҳ ас-Сойидӣ иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Яман шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ рабуда нашудааст. Ҷониби Яман итминон додааст, ки мақомоти амниятии кишвараш раванди гуфтушунидҳоро комилан зери назорат гирифтаанд ва бехатарии шаҳрванди Тоҷикистонро дар мадди аввал қарор додаанд.     

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Яман дар номаи худ изҳори боварӣ намудааст, ки дар наздиктарин рӯзҳо хабари сиҳат ва саломат озод шудани Гулрухсорро ба ҷониби Тоҷикистон хоҳад расонид.

Сарчашмаҳои иттилооти расмии Яман дар қазияи мазкур номҳои се бародарро аз қабилаи Оли Убайдаи минтақаи Маъриби Яман марбут медонанд. Ин ашхос қаблан ҳам дар қазияҳои одамрабоӣ ва талаби мол бар ивази он гунаҳкор дониста шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки Гулрухсор Рофиева субҳи рӯзи 29-уми октябр ҳангоми ба кор рафтан

 рабуда шуд

. Ӯ 13-уми ноябр ба ватан баргаштанӣ буд. Инчунин Вазорати корҳои хориҷӣ тариқи сафорати Россия дар Тоҷикистон аз сафорати Россия дар Яман барои ҳарчи зудтар озод намудан ва сиҳату саломат ба Ватан баргаштани Рофиева Гулрухсор

 дархости мусоидат кард.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, айни замон дар Яман 200 нафар (бо назардошти аъзои оилаи онҳо) ва дар кишварҳои Халиҷи Форс 15 нафар табибони тоҷик фаъолият доранд. Оид ба фаъолияти табибони тоҷик дар Афғонистон маълумоти саҳеҳ мавҷуд нест, зеро бисёре аз табибони тоҷик ба минтақаҳои наздимарзӣ ба кори мавсимӣ мераванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.